Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон хостори қабули паноҳҷӯёни Ховари Миёна шуд


Биржан Нуримбетов-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон гуфтааст, ки кишвараш омода аст дар чаҳорчӯбаи муқаррароти байналмиллалӣ паноҳҷӯёнро қабул кунад. Вай ин нуктаро дар ҳошияи мулоқоти Алмаато роҷеъ ба ҳимояти паноҳҷӯён ва муҳоҷирати байналмиллалӣ ба рӯзноманигорон изҳор доштааст.

Вай гуфтааст, ки дар Қазоқистон соли 2011 қонун “Дар бораи паноҳҷӯён” қабул шудааст ва дар он мақоми паноҳҷӯён танзим шудааст.

Ба гуфтаи вай, агар зарур бошад, Қазоқистон метавонад шумораи муайяни паноҳҷӯёнро қабул кунад ва барои ҷо ба ҷо кардани онҳо тадбирҳо меандешад.

Озарбойҷону Афғонистон, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Туркия узви доимии ин мулоқот мебошанд. Эрону Покистон чун кишвари нозир дар ин мулоқотҳо ширкат меҷӯянд.

Ширкаткунандагони мулоқот таъкид карданд, ки агар кишваре ба нируи корӣ эҳтиёҷ дошта бошад, метавонад имкони ҷалби паноҳҷӯён ба кишварашро баррасӣ кунад, паноҳҷӯёнеро, ки ҳоло аз кишварҳои Ховари Миёна ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рӯ овардаанд.

XS
SM
MD
LG