Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати раҳбари нави Толибон аз нируҳои хориҷӣ


Мулло Ахтар Мансур

Мулло Ахтар Мансур

Мулло Ахтар Мансур-раҳбари нави Толибон гуфтааст, ки сулҳ замоне дар Афғонистон таъмин хоҳад шуд, ки агар ҳамаи нируҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.

Мулло Ахтар Мансур ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамаи қарордодҳои мавҷудаи низомиву амниятии Кобул бо кишварҳои дигар бояд бекор карда шаванд. Мулло Мансур ин изҳоротро 22 сентябр дар остонаииди Қурбон пахш кардааст.

Нируҳои НАТО амалиёти низомии худро дар Афғонистон моҳи декабри соли 2014 ба поён расонданд ва аксари нируҳои худро аз Афғонистон берун бурданд. Вале ҳазорон нафари дигари онҳо дар ин кишвар мондаанд ва нируҳои Афғонистонро омӯзиш медиҳанд.

Мулло Мансур аз Толибон хост, ки муттаҳид шаванд ва таблиғоти душманро дар бораи тафриқаҳо дар байни Толибон нодида бигиранд.

То ҳол дар байни Толибон фармондеҳоне ҳастанд, ки ба Мулло Мансур гӯш намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG