Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури низомии Русия дар Сурия афзоиш ёфтааст


Матбуоти Амрико бо такя ба манобеи худ дар вазорати дифои ин кишвар хабар додаанд, ки дар Сурия 28 ҳавопаймои низомии Русия ҷойгир шудааст.

Дар охири ҳафтаи гузашта 12 ҳавопаймои шикории Су-25 ва 12 ҳавопаймои бомбафкани Су-24 дарСурия мустақар шудааст. Бино ба маълумоти ниҳодҳои кашфи Амрико, то охири ҳафтаи гузашта танҳо 4 ҳавопаймои ҷангии Су-27 дар Сурия мавҷуд буд.

Ин ҳавопаймоҳо дар пойгоҳи низомии худсохти вилояти Латакия ҷой дода шудаанд ва 3 батареяи дифои зиддиҳавоӣ онҳоро посбонӣ мекунанд. Ҳоло инҳо дар амалиёти ҷангӣ истифода нашудаанд.

Ба гуфтаи намояндагони Амрико, ки аз худ ном набурдаанд, Русия дар Сурия як пойгоҳи низомии такмилшуда дуруст мекунад ва аз ин пойгоҳ метавонад ҳар гуна амалиёт анҷом диҳад.

Интиқоли техникаи низомии Русия ба Сурия вақтҳои охир афзоиш ёфтааст. Ба ҷуз аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба он ҷо 15 ҷархболи борбар ва ҷангӣ, 9 тонки Т-90 ва 500 нафар нируҳои дарёӣ фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG