Пайвандҳои дастрасӣ

СҲШ аз амалиёти зидди Назарзода ҳимоят кард


Кумитаи иҷроии зиддитеррористии минтақаии вобаста ба Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст. Дар ин бора созмони мазкур рӯзи душанбе гузорише ба нашр расондааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки кумитаи мазкур аз амалиёти зиддитеррористии ниҳодҳои босалоҳияти Тоҷикистон, ки ҳадафи он таъмини сулҳу субот дар минтақа буд, ҳимоят мекунад ва изҳор медорад, ки омода аст, то ҳамкории ниҳодҳои зидахли кишварҳои узви ин созмонро тақвият бахшад.

Чаҳоршанбеи гузашта вазорати корҳои дохила ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки амалиёти низомӣ бар зидди генерал Абдуҳалим Назарзода ва ҷонибдоронаш ба поён расидааст.

Дар ин хабар омадааст, ки 27 узви ин гурӯҳ кушта ва 139 нафари онҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG