Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо барномаи “Skype», ки тавассути он тамоси видиоӣ сурат мегирад, ҳеҷ мушкиле надоранд ва он озодона дар Тоҷикистон кор мекунад.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯянд, бо барномаи “Skype», ки тавасcути он тамоси видеоӣ мегиранд, ҳеҷ мушкиле надоранд ва он дар Тоҷикистон фаъол аст.

Ин дар ҳолест, ки аксари истифодабарандагони тоҷики ин барнома, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, аз мушкили иртибот тариқи ин барнома бо Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд.

Холиқназар Ҷумъаев, як намояндаи ширкати “Бабилон” рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо мушкиле бо “Skype» надорад. Ӯ гуфт, ҳамин ҳоло худи ӯ тариқи “Skype» бо як наздикаш озодона сӯҳбати видеоӣ анҷом додааст ва он хеле мувваффақона буд.

Ҳамчунин, як намояндаи ширкати “Мегафон”, ки худро Билол муаррифӣ кард, пас аз санҷиши чандлаҳзаина гуфт, аз тариқи ширкати онҳо низ “Skype» хеле хуб дастрас аст. Бад ин тартиб, намояндагони ширкатҳои “ТСел” ва “Билайн” дар Тоҷикистон низ вуҷуди чунин як мушкилро рад карданд.

Аммо ҳамсӯҳбатони мо аз ин ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, ки ҳоло танҳо барои дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “ www.facebook.com“ ва сомонаи Радиои Озодӣ “www.ozodi.org” “мушкили фаннӣ” доранд.

Корбарони “Skype” аз имконоти ин шабака ба хотири анҷоми гуфтугӯҳои телефониву видеоӣ тавассути Интернет истифода мекунанд. “Skype” садҳо миллион корбар дошта, асосан аз роҳи гуфтугӯҳои телефониву видеоӣ тавассути Интернет фоида ба даст меорад.

Ин барнома яке аз василаҳои арзони иртибот байни муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон мебошад. Садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар Русия ва дигар кишварҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд ва тавассути ин барнома бо наздиконашон иртибот барқарор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG