Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои Санҷиш аз Порчин гарду хок гирифтанд


Юкио Омано

Юкио Омано

Юкио Омано-раиси Ожонси байналмиллаии энержии ҳастаӣ мегӯяд, дар ҳудуди яке аз муассисаҳои ҳассоси низомии Эрон барои санҷиш намунаҳои гарду хок гирифта шудааст. Оқои Омано 21 сентябр гуфт, ки ин намунаҳо дар муассисаи зиддунақизи Порчин бардошта шудаанд.

Ба гуфтаи Омано, Ожонс дар расидагӣ ба гузаштаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон “ба пешрафти қобили мулоҳиза” ноил шудааст. Вай гуфт, намунаҳои гарду хоки гирифта шуда аз муассисаи Порчин ба меъёрҳои Ожонси байналмиллаии энержии ҳастаӣ мутобиқат мекунад.

Раиси ожонси мазкур ҳамачунин аз корхонаи Порчин боздид ва бо таҷҳизоти ахиран насбшуда ошно шуд. Вай гуфт, корҳои густардае, ки дар Почин аз соли 2012 идома дорад.

Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки ин кишвар барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ корҳое анҷом додааст. Аммо Эрон иддао мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш комилан ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунанд.

XS
SM
MD
LG