Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Шуғнон шаҳраки нав барои осебдидагон гушоиш ёфт


Акс аз бойгонӣ, ҷое, ки шаҳраки нав бунёд ёфт

Акс аз бойгонӣ, ҷое, ки шаҳраки нав бунёд ёфт

21 сентябр дар ноҳияи Шуғнон 82 хонаи нав ба истифода дода шуд. Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон калиди ин хонаҳоро дар шаҳраки нав ба 82 хонаводаи осебдида аз селобҳои моҳи июл супурд.

Азиз Гиёев-раиси ноҳияи Шуғнон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ба ин шаҳраки нав шабакаи барқ кашида шудааст ва хонаҳои нав бо ҷиҳози аввалияи зист таъмин шудаанд.

Бо супориши ҳукумат муассисаву ширкатҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ин хонаҳоро бо пули худ сохтаанд. Сарраёсати геология Тоҷикистон дар наздикии шаҳраки навбунёд кандани чоҳи зерзаминиро идома медиҳад. 5 октябр хати оби ошомиданӣ ба шаҳрак пайваст мешавад.

Сохтмони мактаби шаҳрак идома дорад. Маркази нави беҳдоштӣ 21 сентябр ба кор шуруъ кард ва мағозаи нав барои сокинон боз шуд.

Азиз Гиёев мегӯяд, ҳамаи хонаводаҳое, ки аз селоб осеб дида буданд, бо хона таъмин шуданд. Вале бо ширкати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шароити баъзе хонаводаҳое, ки дар соҳаи хатар қарор доранд, таҳти омӯзиш қарор дорад. Дар сурати зарурат ба онҳо низ кӯмак расонда мешавад.

Боздиди Шукурҷон Зуҳуров баъд аз гушоиши шаҳраки нав ва мулоқот бо сокинон аз Бадахшон ба поён расид.

XS
SM
MD
LG