Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Cироҷиддин Аслов ба Ню-Йорк


Имрӯз, 21-уми сентябр Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сироҷиддин Аслов ҷиҳати ширкат дар иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 21 сентябр то 5 октябри соли 2015 баргузор мегардад, ба шаҳри Ню Йорк сафар намуд. Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, дар назар аст зимни сафар инчунин як қатор мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ баргузор гардад. Интизор меравад, ҳайати Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар дар иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намояд.

XS
SM
MD
LG