Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии ССКА ва “Регар” дар ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон


Аввалин бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Бозии нахустини даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бидуни гол хотима ёфт. Ин бозӣ 20 сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, баргузор шуд. Бозии ҷавобӣ рӯзи панҷшанбеи 1 октябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.

Бозиҳои дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) доир хоҳанд шуд. Бозии аввал миёни ин дастаҳо рӯзи сешанбеи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи ҷумъаи 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон -2015

1/2 финал. Бозиҳои аввал

20 сентябр (якшанбе)

ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ» - 0:0

Аз пеналтӣ истифода карда натавонист: Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Памир»), 21.

ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров, Сефах Жаке Нана, Павел Калугин, Парвиз Қашқаров, Андох Наполеон, Шамсиддин Қосимов, Сайёди Ковусшо (Беҳзод Шарифов, 83), Давронҷон Тухтасунов, Орзу Додхудоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Фаррух Чориев, Расул Файзов, Нозим Бобоҷонов, Фирӯз Қараев, Музаффар Сироҷиддинов (Шерзод Маҳаммадиев, 59), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Шамсиддин Қосимов, Сефах Жаке Нана (ССКА «Помир»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 72 – корти дувуми зард.

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. 700 тамошобин.

22 сентябр (сешанбе)

Оғози бозӣ — соати 16:00

«Истиқлол» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб)

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 15:30

«Равшан» — «Истиқлол»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«Регар-ТадАЗ» — ССКА «Помир»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

XS
SM
MD
LG