Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Сириза дар Юнон кобина ташкил мекунад


Алексис Тсипрас

Алексис Тсипрас

Ҳизби чапгарои Сиризаи Юнон дар интихоботи порламонии 20 сентябр пирузӣ ба даст овард ва 35,47 дарсади орои интихобкунандагонро соҳиб шуд. 21 сентябр вазорати корҳои дохилаи Юнон натиҷаҳои ибтидоии интихоботро эълон кард.

Бино ба матлумоти расмӣ, ҳизби Сириза аз 300 курсии порламон 145 курсиро ишғол хоҳад кард.

Ҳизби муҳофизакори Демократияи Нав 28 дарсад рай гирифт ва соҳиби 75 ҷой дар порламон хоҳад шуд. Куммунистҳо соҳиби 15 ҷой шуданд. Ҳизбҳои дигар низ вориди порламон шудаанд. Дар райдиҳӣ 55 дарсади интихобкунандагон ширкат ҷустаанд, ки нисбат ба чанд интихоботи гузашта камтар аст.

Алексис Тсипрас-нахуствазири кишвар эълон кард, ки вай бо ширкати Ҳизби Мустақили юнониҳо кобинаи вазиронро ташкил хоҳад кард. Ин ҳизб дар маъракаи интихоботӣ дар эътилофи ҳизби ҳоким буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG