Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ: Аксари эрониҳо аз созишнома ҳимоят мекунанд


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки аксари шаҳрвандони Эрон аз имзои созмшномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Бар асои ин созишнома барномаҳои ҳастаии Эрон маҳдуд мешавад ва таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди Эрон коҳиш меёбад.

Дар мусоҳибае бо барномаи телевизионии Амрико бо номи “"60 Minutes" ё “60 Дақиқа”, ки 20 сентябр пахш шуд, оқои Рӯҳонӣ гуфт, эрониҳо ҳанӯз ба Амрико бовар надоранд, вале ин созишнома бояд ба муносибатҳо беҳбуд бахшад.

Рӯҳонӣ гуфт, “дурӣ, ихтилофҳо, набуди боварӣ ба ин зудӣ фаромӯш нахоҳад шуд, вале ман бовар дорам, ки мо қадамҳои аввалро барои зудудуни чунин душманӣ бардоштаем”.

Рӯҳонӣ пешниҳод кард, ки Теҳрон алоқаманди “доду гирифти зиндониҳо” бо Амрикост. Дар Эрон чанд нафар шаҳрвандони Амрико, аз ҷумла Ҷейсон Ризоиён-рӯзноманигори Washington Post зиндонӣ мебошанд. Эрон ҳам мехоҳад, ки шаҳрвандони Эрон ҳам аз зиндонҳои Амрико раҳо шаванд. Онҳо барои нақзи таҳримҳо боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG