Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон субҳи имрӯз, 21 сентябр ба вилояти Бадахшон сафар кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи раиси Маҷлиси Намояндагон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнон ширкат мекунад. Ба таъкиди ҷаноби Султонов, раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо сокинони ноҳияи Шуғнон мулоқот хоҳад кард. Зимнан, дар пайи офати табиӣ тобистони имсол беш аз 200 хона ва даҳҳо километр роҳҳои мошингард, соҳилҳо, хутути интиқоли нерӯи барқ ва дигар иншоотҳо тахриб шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG