Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон паноҳҷӯи дигар тавассути автобусу қаторҳои пуропур вориди Австрия шудаанд. Пулиси Австрия гуфт, рӯзи 19 сентябр беш аз 11 000 ва рӯзи 20 сентябр боз 4700 паноҳҷӯи дигар аз марзи Маҷористон бо Австрия убур кардаанд. Салиби Сурхи Австрия гуфт, 2000 нафари онҳо ба Олмон рафтаанд. Паноҳҷӯёне, ки чанд рӯз дар Аврупои ҷанубшарқӣ дармонда буданд, баъди интиқоли онҳо аз сӯи мақомоти Маҷористон ба марзи Австрия омаданд. Сабаби дармондани онҳо мониагузории кишварҳо дар роҳи сафари паноҳҷӯён ба Аврупои ғарбӣ буд. Ибтидо Маҷористон марзашро бо Сербия баст. Ин боис шуд, ки ҳудуди 20 000 паноҳҷӯи дар чанд рӯз ҷамъшуда худро ба Хорватия бизананд. Хорватия ба навбаи худ онҳоро ба марзи Маҷористон интиқол дод.

XS
SM
MD
LG