Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон шояд ба ду фирқа ҷудо шавад


Мулло Мансур

Мулло Мансур

Яке аз фирқаҳои норозии ҷунбиши Толибони Афғонистон мегӯяд, ин гурӯҳи ифротӣ метавонад ба ду фирқаи алоҳида ҷудо шавад, чунки дар мавриди шахси раҳбари наваш ба тавофуқ расида наметавонад. Баҳси раҳбарии Толибон ду моҳ пеш, баъди он оғоз ёфт, ки мақомоти иктишофии Афғонистон гуфтанд, асосгузор ва раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ҳанӯз ду сол пеш аз олам рафтааст. Толибон ба дунбол ин хабарро тасдиқ карданд. Дар як нишасти оҷилан даъватшуда муовини Мулло Умар – Мулло Мансур – раҳбари нави Толибон интихоб шуд. Вале бисёре аз фармондеҳони бонуфузи ин ҷунбиши чирикӣ, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, аз ин ба хашм омаданд, ки Мулло Мансур марги Мулло Умарро пинҳон кардааст. Мулло Абдулманон Ниёзӣ, сухангӯи фирқаи мухолифони Мулло Мансур рӯзи 19 сентябр гуфт, музокирот байни Мулло Мансур ва фармондеҳони норозӣ натиҷа надод. Намояндагони Мулло Мансур ҳанӯз барои шарҳи вазъият дастрас нестанд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ихтилофот дар дохили ҷунбиши Толибон метавонад музокироти сулҳи байни ин гурӯҳ ва ҳукумати Афғонистонро латма зада, дар дурнамо ба ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” имкони густариши нуфузаш дар ин минтақаро фароҳам биорад.

XS
SM
MD
LG