Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Коми боздошт шуд


Вячеслав Гайзер
Вячеслав Гайзер

Волии минтақаи Коми дар шимолуғарби Русия бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ ва раҳбарии гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуд. Пулис рӯзи 19 сентябр Вячеслав Гайзерро ҳамроҳ бо 18 тани дигар дастгир кард. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин “гурӯҳи ҷиноӣ” қасди истифодаи молу мулки давлатӣ барои “аҳдофи ғайриқонунӣ”-ро дар сар дошт. Ба гуфтаи Маркин, ин ҳалқаи ҷиноӣ аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолият доштааст. Ҳамроҳ бо Гайзер, раиси маҷлиси вакилони вилоят, ноиби волӣ ва чандин тоҷири маҳаллӣ дастгир шудаанд. Аз дафтари кори Гайзер пули зиёд, маҷмӯаи соатҳои гаронбаҳо ва асноди марбут ба ширкатҳои оффшорӣ ёфт шудаанд. Гайзер дар соли 2010 волии Коми таъин шуда, дар соли 2014 дигарбора ба ин мақом интихоб шуд. Ӯ узви раёсати ҳизби ҳокими Единая Россия буд.

XS
SM
MD
LG