Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумон дар Юнон оғоз ёфт


Алексис Сипрас
Алексис Сипрас

Дар Юнон интихоботи парлумонӣ идома дорад. Интихоботи рӯзи 20 сентябр алакай сеюмин овоздиҳии саросарӣ дар ин кишвари бӯҳронзадаи Аврупо дар соли ҷорист. Ҳизби муҳофизакори “Демократияи нав” ва ҳизби чапгарои Сиризаи сарвазири собиқ Алексис Сипрас, бино ба назархоҳиҳо, шонси тақрибан баробар доранд. Сипрас гуфт, юнониҳо “як ҳукумати ҷангӣ” интихоб ва “даврони нав”-и ислоҳотро боз мекунанд. Сипраси 41-сола моҳи август истеъфо дод ва баъди 7 моҳи музокироти мушкил пиромуни барномаи ёриҳои иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ба интихоботи нав даъват кард. Раҳбари “Демократияи нав” Вангелия Меймаракиси 61-сола як рӯз пеш аз интихобот гуфт, “мо дигар вақту имкони аз ин бештаре барои таҷрибаҳо надорем.”

Вазорати корҳои дохила – масъули баргузории интихобот дар Юнон - нахустин натиҷаҳои овоздиҳиро баъди соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 ба вақти Душанбе) эълон мекунад.

XS
SM
MD
LG