Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бохти дувуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Эрон


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар бозии дувуми дӯстона дар Теҳрон аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Муҳаммад Меҳдихонӣ дар дақиқаи 37-ум ба ҳадаф расонд. Ёдовар мешавем, дар бозии аввали дӯстона, ки миёни ин дастаҳо 16 сентябр баргузор шуда буд, футболбозони ҷавони Эрон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дувум муқобили мунтахаби ҷавонони Эрон бо чунин ҳайат бозӣ кард: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров, Алишери Ҳотам (Қувватбек Равшанбеков, 72), Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир (Алишер Баротов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Мунир Давлатбеков (Кароматулло Саидов, 46), Отабек Каримов (Ҳокимҷон Ҳасанов, 46), Саидҷон Шарифов (Рустам Толибов, 46), Амирҷон Сафаров (Суннатулло Холов, 72), Азиз Бегов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46).

Футболбозони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки дар пойтахти Эрон ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» омодагӣ диданд, имрӯз, 20 сентябр, ба Душанбе бармегарданд. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар пойтахти кишвар идома хоҳад кард.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад.

Бахши ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба даври ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 мунтахаб аз рӯи беҳтарин нишондодҳо байни тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн дар гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кунад ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ҷойгир шавад, он гоҳ дастаи беҳтарини шашум аз ҳисоби тимҳои ҷойҳои дувумро ишғолкарда шонздаҳумин ширкаткунандаи чемпионати Осиё-2016 мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG