Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар Беларус пойгоҳи ҳавоӣ месозад


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз нақшаи таъсиси пойгоҳи ҳавоии кишвараш дар Беларус пуштибонӣ кард. Путин рӯзи 19 сентябр дар як баёния гуфт, ӯ аз пешниҳоди ҳукумат тарафдорӣ мекунад ва ба вазоратҳои хориҷаву дифоъ амр дод, то музокираҳоро бо Беларус шурӯъ кунанд. Мақомоти вазорати дифои Русия мегӯянд, дар ин пойгоҳ ҷангандаҳои СУ-27 мустақар хоҳанд шуд. Русия дар Беларус алакай ду таъсисоти низомӣ – як истгоҳи радарҳо ва як маркази мухобироти киштиҳои зериобӣ – дорад. Таъсиси пойгоҳи нави ҳавоӣ дар Беларус ҷузъе аз барномаҳои Маскав барои афзоиши қудрати низомиаш дар хориҷ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG