Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керри: Башор Асад бояд биравад


Ҷон Керри
Ҷон Керри

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри гуфт, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад бояд аз мақом биравад, вале замони рафтани ӯ бояд аз тариқи музокирот муайян шавад. Керри рӯзи 19 сентябр баъд аз мулоқот бо ҳамтои бритониёияш Филип Ҳаммонд дар Лондон ҳамчунин аз Русия ва Эрон даъват кард, то бо истифода аз нуфузи худ Асадро ба музокирот моил кунанд. Ӯ ба зарурати ҳалли сиёсии ҷанги чорсолаи Сурия ва бӯҳрони рӯ ба вахомати паноҳҷӯён дар ин кишвари арабӣ таъкид кард. Ҳамзамон Артиши исломӣ, як гурӯҳи қавии чирикиҳои Сурия иддао дорад, ки ба фурудгоҳе, ки нирӯҳои Русия дар Сурия истифода мебаранд, чанд мушак задааст. Ҷангиёни Артиши исломӣ дар видеое, ки рӯзи 18 сентябр нашр карданд, Русияро ҳушдор доданд, ки онҳо хоҳони сулҳ дар Сурия нестанд. Дар авоили ин ҳафта, аксҳои нави моҳвораӣ ба пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар Лозиқия расидани тонкҳову зиреҳпӯшҳо ва дигар таҷҳизоти низомии Русияро нишон доданд, ки гузоришҳои мақомоти Амрикову Исроил ва кишварҳои дигар дар бораи тақвияти ҳузури низомии Русия дар ин кишвари Ховари Миёнаро тасдиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG