Пайвандҳои дастрасӣ

Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар чорчӯби мусобиқоти муқаддамотии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи С дар шаҳри Доҳаи Қатар бар тими Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:1 ғолиб омад. Голҳои тими Тоҷикистонро Зиёвуддин Фузайлов (дар дақиқаи 3), Ваҳдат Ҳанонов (45+2), Оғоҷон Ҷумъаев (автогол, дақиқаи 49), Мӯбинҷон Мӯъминов (67) ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 82 заданд. Танҳо баъди ин ба тими мизбон дар дақиқаи 85-уми бозӣ муяссар шуд, ки як гол бизананд.

Тими Тоҷикистон, ки дар бозии қаблиаш аз Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, баъди ин пирӯзӣ бар Туркманистон ҳанӯз шонси гузаштан аз марҳалаи мусобиқоти гурӯҳиро дорад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ Ироқ бар Қатар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва бо 6 имтиёз дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. Тоҷикистон ва Қатар сеимтиёзӣ доранд. Туркманистон, ки ҳарду бозиашро бохт, ягон имтиёз надорад ва дар мақоми охирин қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG