Пайвандҳои дастрасӣ

Футболбози "Хуҷанд" ба "Ал-Аҳлӣ" гузашт


Ҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов бо бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ”-и Баҳрайн қарордоди яксола баста, собиқаи футболбозиашро дар ин кишвари арабии халиҷи Форс идома хоҳад дод. Манучеҳр дар “Ал-Аҳлӣ” таҳти рақами 22 бозӣ хоҳад кард. Мавсими нави қаҳрамонии футболи Баҳрайн моҳи октябр оғоз меёбад, вале Манучеҳр Аҳмадов нахустин бозиаш дар ҳайъати “Ал-Аҳлӣ”-ро анҷом дода, дар бозии дӯстона бо “Ал-Иттифоқ” тамоми 90 дақиқаи бозӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG