Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6700 муҳоҷир ба Австрия расиданд


Ҳазорон муҳоҷире, ки чанд рӯз боз дар ҷанубушарқи Аврупо дармонда буданд, ба Австрия расиданд. Пулиси Австрия рӯзи 19 сентябр гуфт, аз шаби гузашта ба ин сӯ 6700 нафар аз Маҷористон вориди Австрия шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Аврупо ба бузургтарин бӯҳрони муҳоҷират дар даҳсолаҳои охир рӯбарӯ шудааст. Ҳазорон муҳоҷир ба далели мониагузории кишварҳо дар роҳи сафари онҳо ба Аврупои ғарбӣ дар ҷанубушарқи Аврупо барои чандин рӯз ва гоҳо рӯбарӯ бо камбуди обу ғизо дармемонанд. Маҷористон нахустин шуда, марзҳояш бо Сербияро баст. Ин боис шуд, ки дар 3 рӯз беш аз 15 000 муҳоҷир худро ба Хорватия бизананд. Хорватия онҳоро ба марзи Маҷористон интиқол дод ва Маҷористон ба навбаи худ ин мардумро бо таъмини автобусу қаторҳо ба марзи Австрия расонд. Вале Словения марзҳояшро баста, шоми 18 сентябр алайҳи муҳоҷирон аз гази ашковар истифода бурдааст.

XS
SM
MD
LG