Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти артиши Покистон дар водии Тира


Минтақаи Бодабир дар канори Пешовар
Минтақаи Бодабир дар канори Пешовар

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 19 сентябри низомиҳои Покистон болои пойгоҳҳои ҷангиён дар водии Тира, дар наздикии марз бо Афғонистон, 16 ҷангии эҳтимолӣ кушта шудаанд. Ин ҳамла як рӯз баъд аз ҳамлаи ҷангиёни Толибон Покистон ба пойгоҳи ҳавоии Бодабир дар канори Пешовар аст, ки 29 кушта ба ҷо гузошт. 16 нафар аз ин шумор намозгузороне буданд, ки дар масҷиди воқеъ дар дохили ин пойгоҳ кушта шуданд. Дар ин ҳамла 13 ҷангӣ ҳам кушта шуданд. Пулис мегӯяд, ҳудуди 50 сокини маҳаллаҳои атрофи пойгоҳи ҳавоиро бо иттиҳоми кумак ба ҷангиён дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG