Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдори собиқи Тифлис ба 4,5 сол маҳкум шуд


 Гиги Угулава

Гиги Угулава

Додгоҳи Гурҷистон раҳбари аршади мухолифинро ҳамагӣ як рӯз баъд аз раҳоияш аз боздошт бо ҷурми истифодаи нодурусти маблағҳои ҷамъиятӣ ба чоруним соли зиндон маҳкум кард. Гиги Угулава, шаҳрдори собиқи пойтахт, шаҳри Тифлис ва аз ёрони раисиҷумҳури собиқ Михеил Саакашвили, ин ҳукмро сохта ва бахше аз “маъракаи шикори мухолифони сиёсӣ аз сӯи ҳукумат” номида, рад кард. Вакили ӯ Бека Басилая гуфт, аз ин ҳукми, ба гуфтаи ӯ, “ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Угулава, дар ҳоле ки дар назди додгоҳи Тифлис садҳо тарафдороаш номи ӯро шиор мезаданд, дар додгоҳ дар канори ду духтари наврасаш суханронии пурҳаяҷоне кард. Додгоҳ ибтидо Угулаваро ба нӯҳуним сол маҳкум кард, вале бар асоси қонуни афви соли 2012 ҳукми ӯро то чоруним сол пойин овард. Додрас Лаша Чхартишвили шаҳрдори собиқро дар истихдоми қалбакии садҳо тан аз фаъолони ҳизби Саакашвилӣ дар шаҳри Тифлис муҷрим шинохт. Угулава ҳамагӣ як рӯз пеш, баъд аз 14 моҳи боздошт раҳо ёфта буд.

XS
SM
MD
LG