Пайвандҳои дастрасӣ

Дар обхезиҳои Эрон 10 тан ҷон бохтаанд


Асароти сели моҳи июл дар Албурз

Асароти сели моҳи июл дар Албурз

Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, бар асари обхезиҳо дар пойтахт, шаҳри Теҳрон ва ҷануби ин кишвар 10 нафар ҷон бохтаанд. Бино ба ин гузориш, ки 19 сентябр нашр шуд, обхезиҳои рӯзи ҷумъа дар Теҳрон ҷони 6 нафарро гирифт ва 4 тани дигар дар устони Ҳурмузгон ҳалок шудаанд. Дастикам 8 нафар, бо шумули 5 узви як хонавода дар Теҳрон, беномунишон боқӣ мемонанд. Амалиёти наҷот дар манотиқи селзада идома дорад. Дар моҳи июл бар асари обхезиҳо дар Теҳрон ва устони шимолии Албурз дастикам 11 нафар ҳалок шуда буд.

XS
SM
MD
LG