Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия 2400 нафар дар Сурияву Ироқ меҷанганд


Як мақоми расмии Русия гуфтааст, ки аз ин кишвар 2 400 нафар як ҷо бо гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд. Сергей Смирнов-муовини аввали раиси кумитаи федеролии амнияти Русия гуфтааст, ки илова бар ин аз кишварҳои Осиёи Миёна низ 3 ҳазор нафари дигар дар таркиби ин гурӯҳҳо ҳастанд.

Смирнов гуфт, мушкили муҳоҷироне, ки аз Ховари Миёна ба Аврупо фирор мекунанд, бештар мешавад ва онҳо хатари билқуввае барои Русия мебошанд.

Вай гуфт, даъвоҳо дар бораи ин ки кӯмакҳои Русия ба вазъ дар Сурия ва ба афзоиши шумораи паноҳҷӯён таъсири манфӣ мерасонад, ба воқеият дуруст намеояд.

Симирнов 18 сентябр ин суханонро дар ҷараёни боздидаш аз Тошканд-пойтахти Узбакистон баъд аз мулоқот бо мақомоти баландпояи ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баён дошт. Дар он намояндагони Тоҷикистону Узбакистон, Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Чин ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG