Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали Дилшод Назаров дар Италия ва Лаҳистон


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар ду мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ дар Италия ва Лаҳистон ду медал ба даст овард.

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар ду мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throv Challenge” дар Италия ва Лаҳистон соҳиби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гардид. Вай нахуст дар шаҳри Риетии Италия бо натиҷаи 75 метру 98 сантиметр барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Баъдан Дилшод Назаров дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон бо натиҷаи 74 метру 12 сантиметр ҷойи севумро ишғол кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ҳарду мусобиқа рақиби аслиаш Павел Файдеки лаҳистонӣ ғолиб омад. Вай дар Италия бо натиҷаи 80 метру 96 сантиметр ва дар Лаҳистон бо натиҷаи 81 метру 99 сантиметр ҷойҳои аввалро касб кард.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи августи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Зимнан, дар тӯли 20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назарови 33-сола чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG