Пайвандҳои дастрасӣ

Хорватия марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирон мебандад


Хорватия аз 8 гузаргоҳи марзӣ бо Сербистон баъд аз сарозер шудани шумораи зиёди муҳоҷирону паноҳҷӯён 7-тои онро бастааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи ин кишвар хабар додааст.

Хорватия ҳамчунин артиши худро ба ҳолати омодабош даровардааст, то баъд аз вуруди бештар аз 11 ҳазор муҳоҷир ба қаламрави кишвар назмро назорат кунад.

Баъд аз бастани марзи миёни Маҷористону Сербистон дар авали ҳафтаи ҷорӣ роҳи муҳоҷирону паноҳҷӯён ба Иттиҳодияи Аврупо баста шуд. Бештар аз 200 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон аз ҷангҳо фирор намуданд ва аз ин роҳ вориди Иттиҳодияи Аврупо шуданд.

Хорватия мегӯяд, ки қаламрави худро барои рафтан ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо дар ихтиёри муҳоҷирон хоҳад гузошт, бо вуҷуди ин Зоран Миланович-нахуствазири Хорватия ҳушдор додааст, ки захоиру имконоти кишварш барои муҳоҷирон “маҳдуд” аст.

XS
SM
MD
LG