Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар масҷид 16 нафарро тирборон карданд


Артиши Покистон мегӯяд, ки 18 сентябр Толибони ин кишвар дар дохили масҷид дар пойгоҳи низомии наздикии шаҳри Пешовар дар ҳамлае 16 нафар намозгузорро куштаанд. Низомиён мегӯянд, ки Толибон ба масҷиди дохили пойгоҳ даромадаанд ва 16 нафарро тирборон кардаанд.

Генерал Осим Салим Баҷво-сухангӯи артиш гуфт, ки баъд аз хунрезии зиёд ин ҳамларо низомиён баргардонидаанд. Дар оташи ҷавобӣ 13 ҳамлакунанда ба қатл расидаанд. Дар ин ҳамла як афсари низомӣ низ кушта шудааст.

Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар душ гирифтаанд. Вале маълум нест, ки дар ҳамлаи Толибон чанд нафар ширкат доштаанд ва чанд нафари онҳо ҷони солим бадар бурдаанд.

XS
SM
MD
LG