Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик аз Иссиқкӯл бо 9 медал баргаштанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Дордой дар Иссиқкӯли Қирғизистон нӯҳ медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи дзюдо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Дордой, ки дар Иссиқкӯл баргузор шуд, варзишгарони тоҷик се медали тило, ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 18 сентябр аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки барои бори севум доир шуд, 161 варзишгар (107 писару 54 духтар) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон тӯли се рӯз барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Дар сабқати писарон Шарифҷон Назриев дар вазни зери 90 кило ва Муҳаммадбек Фарҳодов дар вазни беш аз 90 кило бо медалҳои тило, Нуроншо Бадомаев дар вазни зери 66 кило бо медали нуқра, Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 60 кило, Ёқубҷон Назиров дар вазни зери 81 кило ва Меҳроби Давлатзода дар вазни зери 90 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин Шамсиддин Куканбеков дар вазни зери 55 кило мақоми панҷум ва Шаҳзод Воҳидов дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро касб карданд.

Дар сабқати занон Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило медали тило, Шукрона Қарчиева дар вазни зери 48 кило медали нуқра ва Баҳригул Бобиева дар вазни зери 57 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо касби 12 медал (6 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб омад. Мунтахаби Қирғизистон бо касби 30 медал (5 тило, 9 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 9 медал (3 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) севум шуд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 9 медал (2 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуд.

XS
SM
MD
LG