Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти расмии сафири Тоҷикистон дар Украина


Файзулло Холбобоев, сафири нави Тоҷикистон дар Украина расман ба фаъолияти дипломатӣ дар ин кишвар оғоз кард. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 18 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 16 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид.

Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома миёни Елена Зеркал ва Файзулло Холбобоев, роҷеъ ба масоили марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ба иттилои ин манбаъ, дар ҷараёни дидор, тарафҳо дар мавриди вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ низ табодули назар намуданд.

Файзулло Холбобоев, мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва собиқ намояндаи Тоҷикистон дар ИДМ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар таърихи 10 августи соли ҷорӣ ба мақоми сафири ҷадиди ин кишвар дар Украин таъин гардид.

Равобити Тоҷикистон ва Украина баъди касби истиқлоли ду кишвар дар соли 1992 густариш пайдо кард. Украина дар бахши энержӣ аз ҳамкорони хуби Тоҷикистон аст. Он гуна ки дар замони Шӯравӣ Украина барои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон агрегатҳо ва таҷҳизоти заруриро таҳия мекард, ҳамакнун ин корро барои роҳандозии нерӯгоҳҳои дигар, аз ҷумла “Роғун” анҷом медиҳад. Ҳатто гуфта мешавад, ду агрегати ин нерӯгоҳ дар корхонаҳои Украина сохта шуда ва алакай ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG