Пайвандҳои дастрасӣ

Бештар аз 5 600 муҳоҷир вориди Хорватия шудаанд


Хорватия, Загреб, 17 сентябр

Хорватия, Загреб, 17 сентябр

Пулиси Хорватия мегӯяд, ки то ҳол 5 650 муҳоҷир ба қаламраваш ворид шудаанд. Муҳоҷирон роҳи ҳаракати худро 16 сентябр тағир доданд ва баъд аз баста шудани марзҳои Маҷористон бо Сербистон акнун онҳо ба сӯи Хорватия рӯ овардаанд.

Пулис мегӯяд, ки 17 сентябр муҳоҷирон аз чанд посгоҳ ба қаламрави ин кишвар даромадаанд. Хорватия баъд аз сабти ном муҳоҷиронро ба марказҳои қабули атрофи Загреб интиқол медиҳад.

Хорватия мегӯяд, ки метавонад чанд ҳазор муҳоҷирро қабул кунад, вале аз уҳдаи қабули даҳҳо ҳазор баромада наметавонад. Ранко Остойич-вазири корҳои дохилаи Хорватия 16 сентябр гуфт, ки агар шумораи муҳоҷирон бештар шавад, онҳо тадбирҳои иловагиро меандешанд.

Аз сӯи дигар, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ изҳори “тааҷҷуб” кард, ки пулиси зидди тазоҳуроти Маҷористон аз газҳои ашковар ва мошинҳои обпош бар зидди муҳоҷирон истифода кардааст. Муҳоҷирон талош доштанд панҷара ва симхорҳои марзиро рахна кунанд ва аз Сербистон вориди Маҷористон шаванд.

XS
SM
MD
LG