Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бамгузориҳои интиҳории Бағдод 14 нафар кушта шуд


Дар маркази Бағдод дар ду бамгузории интиҳорӣ тақрибан 14 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, ки дар ҳар ду бамгузорӣ посгоҳҳои пулис дар минтақаҳои тиҷоратӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Яке аз ин бамгузориҳо дар маҳаллаи Боб-ул-Шарҷӣ рух дод ва дар он 8 ғайринизомӣ ва як корманди пулис ба ҳалокат расиданд. 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Инфиҷори дуввум дар майдони Ватба рух дод ва 5 нафар кушта шуданд, ки ду нафари онҳо кормандони пулис мебошанд. 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Гурӯҳе масъулияти ин бамгузориҳоро бар душ нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG