Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши Русия ба таҳримҳои эълонкардаи Украина


Аркадий Дворкович

Аркадий Дворкович

Як мақоми Русия мегӯяд, ки Маскав оқибатҳои эҳтимолии таҳримҳои нави Украинаро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Аркадий Дворкович-муовини нахуствазири Русия 17 сентябр ба хабаргузории РИА тавзеҳот дод.

Украина ин таҳримҳоро 16 сентябр эълон кард. Ба ин таҳримҳо 400 нафар ва 90 воҳиди иқтисодӣ дохил мешаванд. Таҳримҳо дар ҷавоб ба тасмими шӯришиён дар бораи таини санаи баргузории “интихоботи ғайриқонунӣ” дар шарқи ин кишвар эълон шудааст.

Александр Захарченко-раҳбари ҷудоихоҳон дар Донетск фармонеро имзо кард, ки бар асоси он интихобот 18 октябр дар назар гирифта шудааст.

Петро Порошенко –раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ин тасмими шӯришиён ба созишномаи Минск дар бораи сулҳи ҷонибҳо хатар эҷод мекунад.

Украина интихоботи маҳаллии худро 25 октябр баргузор мекунад. Бар асоси созишномаи Минск интихобот дар манотиқи зери назорати шӯришиён бояд як ҷо бо интихоботи маҳалии Украина баргузор шавад.

Ба феҳристи таҳримҳои Украина ширкати ҳавоии Аэрофлоти Русия, ширкати амниятии Касперский, Газпромбанк ва Бонки Маскав дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG