Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду коргари Туркия аз асорат раҳо шуданд


Пулис мегӯяд, аз 18 нафар коргарони Туркия, ки дар аввали моҳи ҷорӣ дар Бағдод рабуда шуда буданд, дар вилояти Басраи Ироқ раҳо шуданд.

Сухангӯи пулиси Басра гуфт, ин ду мард худро дар гузаргоҳи гумрукӣ дар қисмати ғарбии шаҳри Басра 16 сентябр муаррифӣ кардаанд. Саломатии онҳо хуб арзёбӣ мешавад.

2 сентябри соли ҷорӣ 18 нафар коргарони турк аз сохтмони як бино дар минтақаи шианишини Бағдод дар шаҳраки Садр рабуда шуданд.

Ҳафтаи гузашта дар як навори видеоӣ, ки аз тарафи гурӯҳи номаълуми тундравҳо ба намоиш гузошта шуда буд, ин гаравгонон аз Туркия тақозо мекарданд, ки аз вуруди тундравҳо ба Ироқ пешгирӣ кунад ва ба муҳосираи шаҳрҳои Сурия хотима бахшад.

XS
SM
MD
LG