Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хостори эҷоди “Камарбанди иқтисодӣ” шуд


Вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой аз ташаббуси Чин дар бораи эҷоди “Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим” ҷонибдорӣ карданд.

Вазирон тасмим гирифтанд, ки фаъолияти кишварҳои узв дар бахши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи ин созмон рушд ёбад. Онҳо дар зимн рушди тиҷорати электронӣ ва имконоти транзитиву сармоягузориро низ дар назар доранд.

Ширкаткунандагони мулоқот гуфтаанд, ки зери раёсати Қазоқистон бояд як гурӯҳи кории вижа ташкил шавад ва он роҳҳои содда кардани тиҷорати ҷонибҳоро пешниҳод намояд.

Дар ҷаласа ба ҷуз аз намояндагони кишварҳои узв Қазоқистону Қирғизистон, Чину Русия ва Тоҷикистону Узбакистон намояндагони кишварҳои дигар Афғонистону Эрон, Муғулистону Покистон, Озарбойҷону Арманистон ва Камбоҷаву Непал низ ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG