Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Русия роҷеъ ба Башор Асад


Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)

Вашингтон ба Русия ҳушдор додааст, ки баъд аз оғози кӯмакҳои Кохи Кремл ба Башор Асад-раҳбари Сурия ба хотири дубора ба майдон овардани Башор Асад вай дигар дар ҷангҳо бар зидди Давлати Исломӣ нақш надорад.

15 сентябр Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар як сӯҳбати телефонӣ ба Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки Амрико мавзеъгирии худро тағир надодааст ва Башор Асад бояд аз мақоми худ истеъфо диҳад, то ҷонибҳои дигар битавонанд ба ҳали сисёсӣ даст ёбанд ва ба ҷангҳои чаҳорсола хотима бахшанд.

Гуфтугӯи телефонии Ҷон Керрӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд соат пеш Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Душанбе гуфт, ки кишвараш кӯмакҳои низомии худ ба Башор Асадро идома медиҳад ва аз ҷаҳониён хост, ки онҳо низ ба ин эътилофи ҳукумати Башор Асад ҳамроҳ шаванд ва Давлати Исломиро шикаст диҳанд.

Ҷон Керрӣ ба Лавров гуфт, кӯмакҳои Русия ба Башор Асад муноқишаи Сурияро тулонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG