Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машварати Эрону Чин дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо


Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф

Эрон мехоҳад, ки Чин дар ҳали хушунатҳо ва муноқишаҳои Ховари Миёна кӯмак кунад. Эрон ҳамчунин гуфтааст, ҳар вақт ки таҳримҳои зидди Эрон бардошта шаванд, ин кишвар омода аст, ки барои ширкатҳои чинӣ имконоти бештар диҳад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон ин суханонро 15 сентябр ҳангоми дар вохӯрӣ бо Ванг Йӣ –вазири корҳои хориҷаи Чин дар Пекин изҳор дошт.

Моҳи июл шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон ба тавофуқ расиданд, ки дар сурати маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаии Эрон таҳримҳои иқтисодии Ғарб бар зидди Эрон аз миён бардошта мешавад.

Чин аз бузургтарин муштарии нафти Эрон ба шумор меравад ва Ҷавод Зариф гуфт, иқтисоди ин ду кишвар якдигарро «такмил» мекунад. Ба гуфтаи вай, ин ду кишвар ба чолишҳои яксон ва имконоти яксон рӯ ба рӯ мебошанд.

Ванг Йӣ гуфт, ки Чин ваъдаҳои худро иҷро мекунад ва дар иҷрои созишномаи ҳастаӣ низ нақши созанда бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG