Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Тоҷикистон метавонад ба кӯмаки Русия умед бандад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия зимни суханони худ дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон чун шарики стратегӣ метавонад ба кӯмаки Русия умед бандад.

Вай гуфт: “Мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони мост. Мо мебинем, ки дар ин ҷо дар Тоҷикистон мардум бо мушкилиҳо, бо баъзе талошҳо рӯ ба рӯ мешаванд,бо талошҳое ки мехоҳанд вазъро ноором кунанд”.

Вай ҳамзамон изҳор дошт, ки “нируҳои интизомии Тоҷикистон ва нируҳои мусаллаҳи ин кишвар аз уҳдаи ҳали ин мушкилоти пешомада ба хубӣ мебароянд”.

XS
SM
MD
LG