Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Кувайт 7 нафарро ба қатл маҳкум кард


Саҳнаи бамгузорӣ дар масҷиди шиаҳо дар Кувайт, 26 июн (акс аз бойгонӣ)
Саҳнаи бамгузорӣ дар масҷиди шиаҳо дар Кувайт, 26 июн (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи Кувайт 7 нафар гумонбарони бамгузории интиҳорӣ дар масҷиди шиаҳоро маҳкум ба эъдом кард. Ин бамгузорӣ моҳи июн сурат гирифта буд ва дар он 27 нафар кушта шуданд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии ин кишвар гузориш додааст. Бино ба ин хабар, додгоҳи ҷурму ҷиноятҳои Кувайт 8 нафар гумонбарони дигарро аз 2 то 15 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Додгоҳ 14 нафари дигарро бегуноҳ эълон кард ва аз боздошт раҳо намуд.

XS
SM
MD
LG