Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷористон муҳоҷирони Сурияву афғонро боздошт кард


Пулиси Маҷористон мегӯяд, ки онҳо дар марз бо Сербистон барои ғайриқонунӣ гузаштан аз панҷара ва симхорҳои марзӣ 9 шаҳрванди Сурия ва 7 шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардаанд.

Ин эълон 15 сентябр баъд аз чанд соати эътибор пайдо кардани муқаррароти нави Маҷористон роҷеъ ба вуруди муҳоҷирону паноҳҷӯён аз кишварҳои Ховари Мёнаву Осиё ва Африқо пахш шуд.

ар асоси яке аз моддаҳои ин муқаррарот, убур аз марз ҷиноят дониста мешавад ва тибқи он ҷинояткор ё зиндонӣ ва ё аз Маҷористон депорт карда мешавад, зеро вай марзшиканӣ кардааст.

Хонум Виктория Тижер-сухангӯи пулис гуфт, гумон меравад, ки муҳоҷирон симхори имтидоди марзро боло бардоштаанд ва аз зери он гузаштаанд.

Ин хабар дар ҳоле пахш шуд, ки Иттиҳолдияи Аврупо натавонист дар бораи нақшаҳои тақсими 120 ҳазор нафар муҳоҷири омада ба Италияву Маҷористон ва Юнонро ба кишварҳои дигари ин иттиҳодия ба тасвиб расонад.

XS
SM
MD
LG