Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Амрико аз афзоиши нируҳои ҳавоии Русия


Генерал Франк Горентс-фаромндеҳи нируҳои ҳавоии Амрико дар Аврупо гуфт, сафороӣ ва сафарбарии нируҳои Русия дар солҳои охир ҳам “хатарнок” аст ва ҳам аз лиҳози баробарӣ ба сатҳи Ғарб чашмгир аст. Генерал Франк Горентс гуфт, Руссия холигоҳҳошро пур кардааст.

Вай зимни суханони худ дар конфронси ҳамкориҳои нируҳои ҳавоӣ гуфт, ки аз иқдомоти Русия барои афзоиши ҳавопаймоҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин нигарон аст. Горентс гуфт: “Агар росташро бигӯям, бартариеро, ки мо дар ҳаво доштем, маҳдуд мешавад”.

Ба гуфтаи Горентс, баъд аз камбудиҳои шармовар дар ҷараёни ҳамла ба Гурҷистон дар соли 2008 Русия ҳамаҷониба ба навсозии таҷҳизот ва машқу тамрин идома медиҳад. Ҳоло Русия ду системи дифоиро дар Қрим ва дар Калининград ҷойгир кардааст.

Мушакҳои “замин ба ҳаво”-и Калининград метавонанд ҳадафҳоро дар қаламрави зери назари НАТО, яъне дар ҳарими ҳавоии Полша ба нишон бигиранд.

XS
SM
MD
LG