Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиш дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Мултони Покистон дастикам 10 тан кушта ва беш аз 40 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса шоми 13 сентябр рух дод ва аксари захмиҳо дар вазъи сахт қарор доранд. Пулис гуфт, таркиш бар асари ба як рикшаи мотордор бархӯрдани мотосикл рух дода, боиси сӯхтори бузург шудааст. Гузоришҳои қаблӣ хароб шудани балони гази рикшаро иллати таркиш меномиданд. Вале ҳоло пулис бар ин бовар аст, ки дар яке аз ин ду василаи нақлия бомб гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG