Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Тоҷикистон Иди Азҳо ва ё Қурбонро рӯзи панҷшанбеи 24 сентябр таҷлил хоҳанд кард.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон панҷшанбеи 24 сенятбрро рӯзи Иди Қурбон таъин кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баъд аз зуҳри рӯзи душанбе дар нишасти ин Шӯро, ки бо ширкати 24 узви он ва ҳамчунин имомхатибони чаҳор ноҳияи пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин намояндагони дастгоҳи президент баргузор шуд, зимни эълони таърихи таҷлили Иди Қурбон баён дошт, ки намози ид дар тамоми масоҷиди кишвар соати 7:00 баргузор хоҳад шуд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода баён дошт, ки таъини рӯзи Иди Рамазон ва Қурбон салоҳияти Шӯрои уламост, ки бо баргузории нишасти тамоми аъзо ва дар асоси таҳқиқи дақиқи илмӣ сурат мегирад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳоле таърихи 24 сентябрро рӯзи Иди Қурбон таъйн кард, ки тибқи иттилои шабакаи телевизионии "Ал-Арабия", кишвари Арабистони Саудӣ ҳам панҷшанбеи 24 сентябрро рӯзи Иди Қурбон эълон кардааст. Арабистони Саудӣ солона мизбони садҳо ҳазор зоирони мусалмон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла беш аз 6 ҳазор зоир аз Тоҷикистон мебошад.

Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз таътил эълон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG