Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти мақоми СММ роҷеъ ба эътирозҳои Молдова


Мақоми аршади СММ дар масоили ҳуқуқи башар аз Молдова хост, то ба талабҳои эътирозгарон расидагӣ кунад. Зайд Раъд ал-Ҳусейн рӯзи 14 сентябр дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҳушдор дод, ки агар ин кор анҷом нашавад, “метавонад ба таҷзияи бештари ҷомиа биорад.” Ин изҳороти Ал-Ҳусейн дар пайи эътирозҳо дар шаҳри Кишинёв бо талаби таҳқиқи чигуна ғайб задани тақрибан 1,5 миллиард доллар аз се бонки Молдова садо дод. Рӯзи 13 декабр ҳудуди 20 000 нафар дар Кишинёв истеъфои президент, додситони кулл, раҳбари Бонки миллӣ ва дигар мансабдоронро талаб карданд. Сарвазир Валериу Стрелет ба хотири фурӯ нишондани бӯҳрон рӯзи 11 сентябр гуфт, ислоҳоти низоми адлия ва мубориза бо фасод дар меҳвари кори ҳукумати ӯ қарор мегирад. Эътирозҳо дар Кишинёв аз 6 сентябр ба ин сӯ идома доранд ва чандсад тан аз эътирозгарон дар маркази Кишиёнёв хайма задаанд. Тақрибан 1,5 миллиард доллар аз се бонки Модова моҳи ноябр қабл аз интихоботи порлумонӣ гум шуданд. Ҳоло ин се бонк таҳти маъмурияти Бонки миллии Молдова қарор доранд. Пулҳои гумшуда аз ҳисоби давлат пӯшонда шуданд.

XS
SM
MD
LG