Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Толибон ба зиндони Ғазнӣ


Зиндони Ғазнӣ

Зиндони Ғазнӣ

Ҷангиёни Толибон дар натиҷаи ҳамла ба зиндони шаҳри Ғазнии Афғонистон афсарони пулисро кушта, садҳо маҳбусро раҳо кардаанд. Муовини волии Ғазнӣ Муҳаммадалӣ Аҳмадӣ гуфт, ҳамлаи субҳи 14 сентябр бо ҳамлаи маргталабона бо мошини бомбгузоришуда оғоз ёфта, таркиши мошин имкон дод, ки ҷангиёни дигар вориди зиндон шаванд. Аҳмадӣ гуфт, беш аз 400 маҳбус фирор кардаанд. Ҳудуди 80 нафари онҳоро алакай дастгир кардаанд, вале 352 нафар, аз ҷумла тақрибан 150 ҷангии Толибон, ҳанӯз дар ҳоли фирор боқӣ мемонанд. Аҳмадӣ гуфт, 7 ҷангии Толибон ва 4 тан аз нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Ӯ афзуд, роҳҳои атрофи зиндон минакорӣ шуда буд ва як омшини нирӯҳои артиш, ки ба кумаки зиндонбонҳо меомад, дар роҳ ба бомб бархӯрда, мунфаҷир шудааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ кард, ки ҳамла ба зиндони Ғазниро ҷангиёни он анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамла афроди мусаллаҳ ва се бомбгузори маргталаб ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG