Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи маҷлисҳои маҳалливу вилоятии Русия, бино ба гузоришҳо, ҳамроҳ бо тахаллуфот сурат гирифтааст. Дар маҷмӯъ 59 миллион нафар, ё ҳудуди нисфи аҳолии Русия имкони ширкат дар интихоботи рӯзи 13 сентябрро доштанд. Онҳо мебоист беш аз 90 000 вакили маҷлисҳои маҳаллӣ ва 1300 мақоми вилоятӣ, бо шумули 21 губернатор ва садҳо шаҳрдорро интихоб мекарданд. Интизор мерафт, ки дар ин овоздиҳӣ асосан номзадҳои таҳти ҳимояти Кремл пирӯз шаванд. Созмони ғайридавлатии “Голос”, ки ҷараёни интихоботро назорат мекард, гуфт, дар бораи беш аз 1700 мавриди тахаллуфоти эҳтимолӣ, аз ҷумла дар бораи беш аз 800 маврид дар рӯзи интихобот гузориш гирифтааст. Бештари тахаллуфот дар вилояти Кострома, ягона минтақае, ки номзадҳои ташакули умдаи мухолифин – Эътилофи демократӣ – роҳ ёфтанд – мушоҳида шудааст. Бисёре аз номзадҳои мухолифинро ба ин интихобот роҳ надоданд, ки ин ба ақидаи мухолифин, ангезаҳои сиёсӣ дошт.

XS
SM
MD
LG