Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Boney M” дар Қрим ҳунарнамоӣ намекунад


Гурӯҳи “Boney M”
Гурӯҳи “Boney M”

Созмондиҳандагони ҷашнвораи “Дискотека 80” дар Қрим хабар додаанд, чорабиние, ки мебоист бо ширкати ситорагони санъати хориҷӣ, аз ҷумла гуруҳи “Boney M” дар Симферопол барпо шавад, дубора ба вақти дигар ба таъхир гузошта шуд.

Тағйири дубораи замони баргузории ҷашнвора, ба гуфтаи созмондиҳандагон, бо наомадани гуруҳи “Boney M” ба Қрим бастагӣ дорад. Ҷашнвораи “Дискотека 80” мебоист рӯзи 13 сентябр баргузор мешуд. Қаблан созмондиҳандагон сабаби таъхирро ба бемории ногаҳонии як узви гуруҳи “Boney M” бастагӣ дода буданд.

Ҳамакнун сабаби ширкат накардани гуруҳ дар ҷашнвораро таҳримҳои сиёсӣ унвон мекунанд, ки дар натиҷа ҳунармандон ё натавонистанд ва ё нахостанд, то ба нимҷазираи Қрим ворид шаванд. Қрим дар моҳи марти соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шудааст.

Санаи ҷадиди ҷашнвораи "Дискотека 80" 11 октябр эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG