Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе дар Кишинёв – пойтахти Молдова дувумин эътирози бузург дар тӯли тамоми гирдиҳамоиҳои он кишвар аз рӯи шумори муътаризон, баргузор шуд, ки дар он, ба иттилои пулис, то 20 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Бо таваҷҷуҳ ба қатъномае, ки аз сӯи “сокинони хашмгин” (созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ) пазируфта шудааст, - ҳоло ин нуктаи ниҳоӣ нест. Дар он ҳуҷҷат созмондиҳандагон ба эътирози сартосарӣ дар тамоми кишвар даъват кардаанд.

Тақозои аслии қатънома, ки рӯзи якшанбе пазируфта шуд, ҳамоно истеъфои ҳукумат аст. Ин тақозо дар бузургтарин эътирози он кишвар, ки рӯзи 6 сентябр барпо шуд, низ садо дода буд. Ба ҷуз ин, шӯрои Маҷлиси кабири миллӣ, ки аз сӯи созмондиҳандагони эътирозҳо ташкил шудааст, ӯҳдадор гардидааст, ки барои ширкат дар интихобот лоиҳаи ҳукумати эътимоди мардумиро таҳия кунад.

Эътирозгарон аз таварруми шадид ва болоравии нарху наво, ки ба бовари онҳо, бо сабаби рабудани наздики як миллиард еврои буҷа дар соли гузашта ба миён омадааст, норозӣ ҳастанд.

Сар аз 6-уми сентябр дар майдони марказии Кишинёв ҳар рӯз гирдиҳамоӣ барпо мешавад. Эътирозгарон дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат наздики 300 хайма задаанд.

XS
SM
MD
LG