Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба якборагӣ сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон


Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз сард шудани ҳарорати ҳаво тайи ду рӯзи оянда ҳушдор додааст. Масъулони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14 сентябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ба якборагӣ сард шудани ҳарорати ҳаво рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар қаламрави кишвар дар назар аст ва ин таъсири сардӣ аз қисмати ғарб аст”.

Ба ин далел ин мутахассисони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа поин мефарояд ва сард хоҳад шуд. Ба ин тартиб, ҳарорати ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон мутаносибан 21-22 дараҷаи гармӣ хоҳад буд. То кунун ҳарорат аз 32 дараҷаи гармӣ боло буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз субҳ ҳаво дар Душанбе абрист ва масъулони маркази ҳавошиносии Тоҷикистон низ мегӯянд, дар дигар қисматҳои Тоҷикистон низ ҳаво чун пойтахт абрӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, тибқи пешгӯии Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи абрӣ буда ва резиши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Бод то 5 метр дар сония мевазад ва суръати он метавонад 15 метр дар сония шавад.

Ба якборагӣ сард шудани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда дар ҳолест, ки Душанбе мизбони нишасати сарони кишварҳои узви ОБКБ ё Созмони Паймони Амнимяти Дастаҷамъӣ аст.

XS
SM
MD
LG